User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1914,65 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-1361,20 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши коммуналӣ ва манзилии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1112,20 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1112,20 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913 сомонӣ.

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро

шахсан пешниҳод менамоянд:

        -ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» нишон додашуда:

        -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи 

 меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулк;

-нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;

-маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо   

 намудаанд).

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

       -таҳсилоти олии касби, ихтисоси ба мансаб ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда  метавонад;

       -4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5  сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

       -дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагири раванди кор ва кор бо тобеон;

       -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи  манфиатҳои давлатӣ;    

       -малакаи кор бо компютер;

      

 

     Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

     - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

        -малакаи кор бо компютер;

        -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

       

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

      -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.       

       -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

       -малакаи кор бо компютер;

 

      Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

       - категорияи ҳафтум: таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.       

        -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

        -малакаи кор бо компютер.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

       Шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Ш.Шоҳтемур 29, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон 221-28-56, факс 221-85-10.

       Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми 21 рўз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.

        Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.