User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи афсарон санаи 4 ноябри соли равон чорабинии бошукуҳи ҷашнӣ таҳти унвони «Конститутсия-кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти  арзии кишвар» баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ Худоёрзода Бахтиёр Тавар-раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағозода Ғайрат Одинахоҷа-муовини якуми роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Маҳкам Аъзам-доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; Салимзода Шерхон Одина-омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи Донишгоҳи славянии Росияву Тоҷикистон, Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич-ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Агентии хизматии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони  вазорату идораҳо ва хизматчиёни давлатӣ-шунавандагони магистратураи яксолаи Академияи идоракунии давлатӣ бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ва магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», ки шањру навоњии кишварро намояндагӣ мекунанд, иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур директори Агентии хизмати давлатӣ- Давлатов Ҷ.М. иштирокчиёнро бо 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Зимни суханронӣ иброз намуд, ки матни Конститутсияи Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи андешаҳои созанда,  арзишҳо  ва суннату   анъанаҳои бебаҳои   миллӣ  ва дар  як вақт  бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст.

Бузургӣ ва аҳамияти ин санади таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шуд. 

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон бевосита ё бавосита ба қабули Конститутсия алоқаманд мебошанд. Зеро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз мақаррароту кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.

Ҳадафи асосиву ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд,  озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад. Ин нуктаҳо дар Конститутсия хеле возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Ҳамзамон,  ин  амр баёнгари  моҳияту мазмуни демократии Конститутсия ва  мавҷудияти  низоми  демократии сиёсиву  иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дар рафти баромад зикр гардид, ки имрӯз аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст, хусусан аз ҳар хизматчии давлатӣ талаб карда мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ кунад, тамоми кӯшишу ғайрати худро  барои  пешрафти  давлати  соҳибистиқлол, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созад. Хушбахтона, аҳли хизматчиёни давлатӣ низ аз ин вазифаҳои созанда дар канор набуда, мувофиқ ба талаботи давр фаъолият доранд.

Иштирокчиёни чорабинии мазкур, меҳмонон низ бо суханони муборакбодӣ баромад намуда, баён доштанд, ки қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши созгор дорад.        

Дар Конститутсияи Тоқикистон диққати асосӣ ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ муқаддас эълон карда шуда, ба сифати арзиши олӣ шинохта шудааст ва давлат масъул гардидааст, то ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Ин меъёр бори дигар исбот намуд, ки тоҷикон аз азал ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром мегузоштанд ва ҳамеша барои ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо талош намудаанд

Дар баробари суханони ифтитоҳӣ –табрикотӣ, маърӯзаҳои илмӣ- назариявӣ, инчунин қадршиносии хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар низоми хизмати давлатӣ  ва мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ қадршиноси карда шуда, маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ барои фаъолият шуруъ намудаанд, дар вазъияти тантанави баргузор гардид. Хизматчиёни давлатӣ бо имзо гузоштан ба манти савганди қироатнамуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаро ба муовини якуми роњбари Дастгоњи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.

                                                               Агентии хизмати давлатии назди

                                                              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон