User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт намудани беҳтарин занон дар соҳаи хизмати давлатӣ озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардида истодааст.

Аз ҷумла дар ноҳияи Файзобод бахши якуми озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин бонувони хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур занон-хизматчиёни давлатӣ новобаста аз синну сол тибқи талаботи Низомнома иштирок намуда, 3 нафар довталаб сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Озмуни мазкур ҷиҳати амалӣ гардидани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат доир гардида, ҳадафи он омода намудани кадрҳои баландихтисос барои тамоми соҳаҳои иқтисодии мамлакат аз ҳисоби занону бонувон мебошад.

 

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

                                                                           давлатии ноҳияи Файзобод