User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ санаи 23 майи соли 2013 баён гардидааст, ки ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ "Рӯзи варзиш" эълон карда шудааст.
Тибқи дастури мазкур санаи 15 июли соли ҷорӣ дар боғи зебои Аҳмади Дониш бо иштироки хизматчиёни давлатӣ- кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ машқи пагоҳирузӣ таҳти унвони "МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ" ташкил карда шуд.

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон