User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
Санаи 14 июли соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои занон-хизматчиёни давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд курси омӯзишӣ аз рӯйи барномаи "Мактаби сарварӣ" бо мақсади амалигардонии "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону бонувони болаёқату соҳибистеъдод" барои давраи миёнамуҳлат ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти курси омӯзишии мазкур Қурбонзода Ҳилолбӣ- раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуҷоат Ҳасанова ходими давлативу ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки курси омӯзишии мазкур санаҳои 11-14 июли соли ҷорӣ ташкил гардида, дар он 20 нафар занону бонувони дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷалб гардиданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба шунавандагони курси омӯзишӣ Гувоҳномаи хатм супорида шуд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии

                                                                       ҳокимияти давлатии вилояти Суғд