User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санат 4 июли соли ҷорӣ дар китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо мақсади амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, № 204 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ҷиҳати тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон – хизматчиёни давлатӣ даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.

Дар кори озмун муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ширкат намуда, аз раванди дастгирии давлатии занону бонувон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат ва амсоли инҳо ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар соли 2023 эълон гардидаст.

Дар кори озмун 10 нафар занон-хизматчиёни давлатӣ ширкат намуда, тибқи Низомнома ба донишу малакаи онҳо баҳогузорӣ сурат гирифт. Ба ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат дода мешавад.

 

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

                                                                         давлатии шаҳри Бӯстон