User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

 30 июн дар толори Агентии хизмати давлатӣ мулоқоти Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ бо хизматчиёни давлатӣ-довталабон барои таҳсил ва омӯзиши забони кореягӣ дар доираи барномањои «Fellowship for Korean Language training» ва «Dispatch of visiting professor» дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Зимни мулоқот муовини директори Агентии хизмати давлатӣ изҳор дошт, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар кафолат дода шудааст. Дар ин замина ҳамкориҳои байналмилалии густурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос бо давлатҳои хориҷа ба таври дахлдор ба роҳ монда шудааст, ки ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар робита ба ин бо мақсади татбиқи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Корея дархостҳои Агентии хизмати давлатӣ ба мақомотҳои давлатӣ ҷиҳати пешниҳоди номзадҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои омўзиши забони кореягӣ дар доираи барномаҳои «Fellowship for Korean Language training» ва «Dispatch of visiting professor» ирсол карда шуд.

Дар натиҷа аз ҷониби мақомоти давлатӣ номзадии 23 нафар, аз ҷумла аз Вазорати адлия 1 нафар, Вазорати нақлиёт 2 нафар, Вазорати кишоварзӣ 4 нафар, Кумитаи рушди маҳал 1 нафар, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 3 нафар, Кумитаи андоз 1 нафар, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм 7 нафар, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3 нафар ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 1 нафарро барои таҳсил пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон зимни мулоқот зикр гардид, ки барномаҳои мазкур барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи дархостҳои зикршудаи Вазорати корҳои хориҷӣ барои пешниҳод ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба барномаи «Fellowship for Korean Language training» портали http://apply.kf.or.kr аз 1 июл то 31 августи соли 2023 ва барои барномаи «Dispatch of visiting professor» портали http://apply.kf.or.kr аз 1 июл то 15 сентябри соли 2023 муҳлат пешбинӣ шудааст.

Номзадҳо метавонанд дар муҳлатҳои зикршуда аз тариқи порталҳои мазкур ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб дода, ба ҷониби Корея пешниҳод намоянд. Ҳамчунин ҷониби Корея номзадҳои интихобшударо давоми нимсолаи дуюми соли 2023 муайян карда, онҳоро хабардор менамояд.

Дар ҳолати қабул гардидани ҳуҷҷатҳои хизматчиёни давалатӣ бо онҳо шартномаи сеҷониба (магистрант, мақомоти давлатӣ ва Агентии хизмати давлатӣ) ба имзо расонида шуда, дар давраи таҳсил онҳо ба захираи кадрҳо ворид карда шуда, мансабҳои ишғолнамуда нигоҳ дошта мешаванд ва ҷиҳати амалисозии донишҳои андухтаи онҳо бояд фаъолияти минбаъдаи онҳо баъди хатм дар мақомоти (ташкилоти) давлатӣ дар муҳлати на камтар аз 5 сол таъмин карда шавад.

Вобаста ба талаботҳои барнома, марҳилаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатсупорӣ ва идомаи минбаъдаи фаъолият пас аз хатми таҳсил дар Ҷумҳурии Корея байни мутахассисон аз Агентии хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ-довталабони барномаҳои мазкур саволу ҷавоб доир гардида, посухҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.

 

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон