User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

«Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин меъёр ҳанўз дар оғози давлатдории навини мо дар моддаи 1 Конститутсияи кишвар муқаррар гардида, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Дар робита ба ин санаи 29 июни соли ҷорӣ роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ба аёдати духтарони ятиму бепарастор, таълимгирандагони муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» рафтанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии ҷавондухтарону занон дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми тадбирҳои амалии саривақтиро роҳандозӣ намуда, пайваста ҷиҳати беҳбудии шароити кору фаъолият ва зиндагонии онҳо чораандешӣ менамояд.

Зимни ташриф ва вохӯрӣ бо бошандагони маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ изҳор намуд, ки масъалаи таъмини баробарии гендерӣ, дастгирии духтарону занони кишвар ҳамеша дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор дошта, пайваста зери таваҷҷуҳи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати беҳбудии шароити зиндагонӣ ва таъмини фазои осоишта барои онҳо кӯшиш намуда, кафолат медиҳанд, ки ҳеҷ гоҳ, ба хору зор шудан ва танҳогиву бесоҳибии ин қишри ҷомеа намегузоранд.

Таъсиси маъбади накӯкорию инсондӯстӣ ва ё чунин кошонаи меҳр ба монанди марказ, ки имконияти расонидани хизматҳои иҷтимоии маишӣ, тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва омӯзишӣ мебошад, шаҳодати ин тадбирҳост, ки то ба имрӯз ба духтарони бекас ва бесарпаноҳ мусоидат намудааст, қайд намуд Дилноза Аҳмадзода.

Дар робита ба ин Абдулмаинзода Заррина- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зарнигори Сорбон- директори муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» низ изҳор намуданд, ки барои беҳбудии фаъолияти марказ ҳамарӯза аз ҷониби Ҳукумати кишвар, хоса таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос гардида, фароҳамии пурраи шароити марказ ва таъмини 3 маҳал хӯроки гарм ва дигар тадбирҳои ҳаётан муҳим барои духтарони ятиму бепарастор маҳз ин таваҷҷуҳи беназир мебошад.

Масъулини Агентии хизмати давлатӣ аз шароити будубоши духтарон дар Марказ дидан намуда, аз номи коллективи меҳнатии Агентии хизмати давлатӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва шириниҳоро тақдим намуданд.

 

 

 

Агентии хизмати давлатии назди   

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон