User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси Нақшаи ҷадвали ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ки ҳамасола бо мақсади такмили қобилият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатӣ ташкил карда мешавад, санаи 21 июни соли ҷорӣ дар асоси дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси навбатии такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» оғоз гардид.

Тибқи барномаи таълимӣ имрӯз санаи 23 июни соли 2023 лексия - мубоҳисаи директори Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Маҳмадбекзода   дар мавзӯи «Таҳлили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, механизми муайян намудани бозори меҳнат, имкониятҳои муҳоҷирати дохилӣ ва мушкилотҳои муҳоҷирати экологӣ» дар доираи курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, масъулони кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» баргузор гардид.

 

 

 

Агентии хизмати давлатии назди 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон