User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 апрели соли 2022 дар Агентии хизмати давлатӣ мулоқоти директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. бо

сафири фавқулодда ва мухтори Япония Аики Тосихиро баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония дар соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, рушди захираҳои инсонӣ, аз ҷумла вобаста ба омода намудани мутахассисони кишвари мо дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) ҷиҳати ба донишгоҳҳои Япония (курсҳои магистрӣ ва докторӣ) ба таҳсил фиристодани хизматчиёни давлатӣ, зиёд намудани шумораи бурсияҳо, роҳандозӣ намудани курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ, ташкил намудани сафарҳои хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи идоракунии захираи кадрхо дар самти идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Япония ва дигар мавзуъҳои судманд ибрози андеша намуданд.   

Бо мақсади татбиқи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) аз соли 2009 то инҷониб ҳамасола ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ба имзо расонида мешавад.

Давоми солҳои 2009-2021 90 (зан-15) нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, 62 (зан-8) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 33 (зан-2) нафар ё 53,2 фоиз аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз  1 то 6 категория боло фаъолият дошта, айни замон таҳсили 28 нафар (27 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дорад.

Ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо ҷониби Япония сол аз сол тавсеа меёбад.

                                              

                                                                                      Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон