User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассис дар бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Рашт - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1186,80 сомонӣ.
  2. Мутахассис дар раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924,60 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

-  таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраргардида);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое,ки шахс собиқаи  меҳнатӣ 

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне,ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд;

- маълумотнома аз СИТ (ИЦ) ВКД (оиди надоштани доғи судӣ );

- маълумотнома аз ҷои истиқомат.

- маълумотнома (справка-объективка);

- хислатнома;

- дело (скоросшиватель);

 

 Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар бинои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ш. Душанбе, хиёбони Борбад - 71, қабул карда мешаванд.

Сомонаи Хадамот: khnm.tj

Телефон барои тамос: 231-47-71.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи нашри эълон на камтар аз 21 рӯз

Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамот.

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.