User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

«Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин меъёр ҳанӯз дар оғози давлатдории навини мо дар моддаи 1 Конститутсияи кишвар муқаррар гардида,

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Дар робита ба ин, санаи 28 декабри соли ҷорӣ роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави мелодӣ ба аёдати солхӯрдагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе рафтанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии пиронсолони танҳою ниёзманд ва шаҳрвандони имконияташон маҳдуд марказҳои минтақавии хизмати иҷтимоиро ба нафақахӯрон ва маъюбон ташкил намуда, пайваста ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони ниёзманди дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Зимни ташриф ва вохӯрӣ бо бошандагони маркази минтақавии мазкур Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ изҳор намуд, ки пиронсолони кишвар ҳамеша зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати беҳбудии шароити зиндагонӣ ва таъмини фазои осоишта барои онҳо кӯшиш намуда, кафолат медиҳанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ танҳогиву бесоҳибиро эҳсос накунанд.

Таъсиси маъбади накӯкорию инсондӯстӣ ва ё чунин Кошонаи меҳр ба монанди марказ, ки имконияти расонидани хизматҳои иҷтимоии маишӣ, тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва омӯзишӣ мебошад, шаҳодати ин тадбирҳост, ки то ба имрӯз ба шахсони солхӯрдаи маъюбу бекас ва бесарпаноҳ мусоидат намудааст, қайд намуд Дилноза Аҳмадзода.

Директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, номзади илмҳои тиб Муҳаббат Зарипова низ изҳор намуданд, ки барои беҳбудии фаъолияти марказ ҳамарӯза аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса таваҷҷуҳи бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ эҳсос гардида, фароҳамии пурраи шароити марказ барои пиронсолону маъюбони ниёзманд чун ёрии ҳамарӯзаи аввалини тиббӣ, гузаштан аз муоина ва ташхиси тиббӣ, кӯмак дар табобати ройгон дар шифохонаҳо, табобат дар утоқҳои физиотерапӣ, гиёҳдармонӣ, барқарорсозии ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият- шиноснома ва таъини нафақа, 3 маҳал хӯроки гарм ва дигар тадбирҳои ҳаётан муҳим барои пиронсолону маъюбон маҳз ин таваҷҷуҳи беназир мебошад.

Масъулини Агентии хизмати давлатӣ аз шароити будубоши пиронсолон дар Марказ дидан намуда, ба онҳо шириниҳо тақдим намуданд.

 

                                                            Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон