User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

 Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма мерасонем, ки мутобиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2016, №36/10-116 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2016 санаи 6 феврали соли 2017, соати 900 дар толори Маркази матбуотӣ бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-40, ошёнаи 2 баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он ва намояндаи Донишкадаи идоракунии давлатӣ иштирок менамоянд.
Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 6 феврали соли равон аз соати 830 оғоз мешавад.
   

Хоҳишмандон метавонанд қаблан тариқи телефонҳои 224-40-67,    224-53-22 ва почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. аз қайд гузаранд, инчунин тавассути почтаи электронии зикргардида саволҳои худро ба Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод намоянд.

 

Агентии хизмати давлатии назди
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон