User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 5 октябри соли 2021 мулоқоти Комиссияи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) бо 15 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Комиссияи мазкур барои таҳсил дар донишгоҳҳои Япония дар солҳои 2021-2023  тавсия гардидаанд,  баргузор гардид.

Дар мулоқот Мияшита Такаюки-сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Такасака Мунео-роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон (JICA), Миякава Такаши-роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода-муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода Ширин-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи Лоиҳаи JDS аз соли 2009  то инҷониб 75 нафар мутаассисони ҷавони вазорату идораҳои кишвар барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд.

Мувофиқи мониторинги охирини Агентии хизмати давлатӣ солҳои 2009-2021 53 нафар, аз ҷумла 6 нафар зан магистратура ва 1 нафар докторантураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, аз онҳо 30  (зан-2) нафар ё 55,5 дарсад ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд.

Айни замон таҳсили 21 нафар (19 нафар дар магистратура ва 2 нафар дар докторантура) идома дорад.

Аз ҷониби муовини директори Агентии хизмати давлатї Айбӣ Б.О. қайд гардид, ки Агентии хизмати давлатӣ барои омода кардани мутахассисони соҳаи идоракунӣва рушди хизмати давлатии касбӣ аз тамоми имкониятҳои дохилӣ ва дастгирии шарикони хориҷӣ истифода намуда, робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония вобаста ба омода намудани мутахассисони кишвари мо дар доираи татбиқи Лоиҳаи JDS сол аз сол тавсеа меёбад.

Номбурда изҳори итмонон намуд, ки мутахассисони ҷавон зимни таҳсил ва иқомат дар Япония дар баробари такмили донишу касбият, бо одобу ахлоқи ҳамида кишвари моро ба таври шоиста муаррифӣ намуда, баъди бозгашт ба Ватани азизамон содиқона хизмат мекунанд.