User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

27 августи соли равон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021,№213 «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муовини сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насуллозода Файзулло Насулло барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ бо медали «Хизмати шоиста» ќадрдонӣ шуд.

Мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар Салим қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳозиронро ба муносибати ҷашни миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол буда, беҳтарин неъмат барои халқи тоҷик ба шумор мераванд. Ба шарофати истиқлолият ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик амалӣ гардида, имрӯз зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон Истиқлолияти кишвари моро эътироф намуда, робитаҳои сиёсию иқтисодӣ, тиҷоративу фарҳангӣ ва ғайра барқарор намудаанд. Дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иљтимоӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2021, №232 «Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ» ба Юнусзода Илҳомиддин Ғафор сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ, Рауфзода Муҳамадюсуф Шарифбек сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва Насуллозода Файзулло Насулло муовини сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насуллозода рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи 3 дода шуд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Насуллозода Ф.Н. ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки минбаьд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талошро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани ватани маҳбубамон равона месозад.