ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 9 апрели соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021, баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ дар соли 2020 ва мониторинги ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯи масъалаҳои пешбинишуда муовинони директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., Аюбӣ Б.О. ва сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ Юнусзода И.Ғ. гузориш доданд.
Қайд гардид, ки мувофиқи таҳлили охирини маълумотҳои оморӣ дар бораи ҳайати миқдорӣ ва сифатии хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21605 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 19247 нафар (89,0 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 2358 адад (10,9 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 12181 нафар (занон 2927 нафар ё 24,0 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3696 нафар (занон 990 нафар ё 26,7 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3369 нафар (занон 574 нафар ё 17,0 фоиз) фаъолият доранд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2021 аз 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,3 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Кадрҳои роҳбарикунанда, ки дар мансабҳои сиёсӣ, категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум фаъолият мекунанд, 5718 нафар буда, аз ин шумора 1098 нафар ё 19,2 фоиз занон мебошанд.
Таҳлил нишон медиҳад, ки теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 78 нафар ва дар мансабҳои роҳбарикунанда 51 нафар зиёд гардидааст.
Қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2021 масъулини Агентии хизмати давлатӣ дар 109 (соли 2020-106) ҷаласаи комиссияҳои озмунии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ин давра барои ишғоли 1302 (соли 2020-1223) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 1103 (соли 2020-1071) мансаби холӣ бо иштироки 2181 нафар, аз он зан-487 (соли 2020-2047, зан- 453) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 884 нафар, аз он зан-191 (соли 2020-771, зан-183) нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.
Дар семоҳаи якуми соли 2021 кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 32 (соли 2020-24) ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ (мақомоти марказӣ-20 ҷаласа ва мақомоти маҳаллӣ-12 ҷаласа) иштирок намуданд.
Дар давраи ҳисоботи рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар ин давра Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ, мақомоти давлатӣ 8 курси таълимӣ, аз ҷумла-1 курси азнавтайёркунӣ, 7 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро дар Академияи мазкур ва шаҳри Хоруғ доир намуд, ки дар онҳо 493 (зан-199) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълим фаро гирифта шуданд.
Инчунин дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди мазкур соли 2020 барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи дусола (таҳсил дар баробари фаъолияти корӣ) бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шуда, дар он 51 (зан-9) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Соли 2021 бошад, ба магистратураи мазкур боз 64 (зан-13) нафар хизматчиёни давлатӣ аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ қабул карда шуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо, инчунин мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаълаҳои кадрҳо Олимшо М. суханронӣ намуд.
Бо қарорҳои ҷаласа барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ, аз ҷумла дар самти беҳтар кардани сифати баргузории аттестатсияҳо ва ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх