User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 3 феврали соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он натиҷаҳои баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ дар соли 2020 ва вазъи иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯи масъалаҳои пешбинишуда сардори шуъбаи  идоракунии захираҳои инсонӣ Юнусзода И.Ғ. ва сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Сайфуддинова Р.Р. гузориш доданд.

Қайд гардид, ки дар соли 2020 кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ дар 413, аз он мақомоти марказӣ-198 ва мақомоти маҳаллӣ-215 (соли 2019-424, аз он мақомоти марказӣ-202 ва мақомоти маҳаллӣ-222) ҷаласаҳои комиссияи озмуни мақомоти давлатӣ иштирок кардаанд.

Дар ин давра мақомоти давлатӣ барои ишғоли 4091 (соли 2019-4188) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон намуда, барои ишғоли 3435 (соли 2019-3745) мансаби холӣ бо иштироки 6833 нафар, аз он зан-1319 (соли 2019-6763, зан-1301) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 2538 нафар, аз он зан-637 (соли 2019-2607, аз он зан-616) нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.

Аз натиҷаи татбиқи имтиёзи пешбининамудаи банди 37 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 (бо тағйиру иловаҳо аз 19 апрели соли 2017, №869, аз 18 феврали соли 2020, №1458) тасдиқ шудааст (се холи иловагӣ барои занон ва ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо намудаанд), дар давоми соли 2020 141 (мақомоти марказӣ-89, мақомоти маҳаллӣ-52) нафар занон ва 132 (мақомоти марказӣ-78 ва мақомоти маҳалли-54) нафар ҷавонони хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо намуда, барои таъин ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ пешниҳод гардидаанд.

Агар дар соли 2019 занони ба мансабҳо тавсияшуда 23,6 фоизро ташкил дода бошанд, ин нишондод дар соли 2020 ба 25,1 фоиз расидааст.

Аз ҳайати 2538 нафари ба мансабҳои таъингардида 1805 (зан-421) нафар ҷавонони то 35-сола мебошанд.

Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ таъингардида 418 нафар, аз он зан-141 (соли 2019 271, аз он зан-94) нафар буда, аз ҳисоби ҷавонони то 35-сола 116 нафар, аз он зан-37 (соли 2019 67, аз он зан-25) нафар ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.

Ба 656 (соли 2019-443) мансаби дигар ҳуҷҷат супорида нашудааст. Ба ҳар як мансаб бо назардошти мансабҳои ҳуҷҷат насупорида 1,7 (соли 2019-1,6) нафарӣ довталаб рост меояд.

Озмунҳо асосан тибқи талаботи Низомномаи озмун доир гардида, дар маҷмӯъ сифати баргузории озмунҳо беҳтар ва шумораи довталабон нисбат ба солҳои пешин зиёд мебошад.

Зимни баррасии вазъи иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, таъкид шуд, ки мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи мазкур Агентии хизмати давлатӣ ҳамчун иҷрокунандаи якуми 13 банд муқаррар гардида, барои иҷрои 13 банд дар ҳайати дигар иҷрокунандагон масъул номбар шудааст. Илова бар ин, иҷрокунандаи 20 банд вазорату идораҳои дахлдор номбар шуда, муқаррароти онҳо ба Агентии хизмати давлатӣ низ дахл дорад. Дар маҷмӯъ Агентии хизмати давлатӣ барои иҷрои 46 банди Нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор гардидааст.

Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Аз ҷумла, бо мақсади таъмини бештари шаффофият ҳангоми баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Мувофиқи муқаррароти Низомномаи нав як қатор навгониҳо дар баргузории озмунҳо роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла бо мақсади таъмини бештари шаффофият, ҷалби васеи шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ эълон дар бораи гузаронидани озмун дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ низ ҷой дода мешавад, довталабон барои иштирок дар озмун метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба таври электронӣ пешниҳод намоянд, дар рафти суҳбат бо довталабон воситаҳои техникии сабт истифода карда мешаванд.

Иҷрои дигар бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ таъмин карда шуданд.

Зимни баррасии масъалаҳо, инчунин мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаълаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ суханронӣ намуд.

Бо қарорҳои ҷаласа барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолият дар самти беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо, идомаи чорабиниҳои дахлдор вобаста ба муқовимат ба коррупсия дар хизмати давлатӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

 

                                                                                                                                                                                                                               Агентии хизмати давлатии назди 
                                                                                                                                                                                                                               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон