ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии филолог, ҳуқуқшинос, сотсиолог, психолог, мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби мазкур мувофиқ.
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
- малакаи кор бо компютер;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 724,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад (чорводор, зоотехник, зооинженер бартарӣ дода мешавад);
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии сармутахассисро ба танзим медароранд.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1076,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ барои товталабон:
- таҳсилоти олии касбии филолог, ҳуқуқшинос, сотсиолог, психолог, мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ.
Маоши мансабӣ 883,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- таҳсилоти олии касбии муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис-мелиоратор, мелиоратсия, агроном, агрономи ва хокшиносӣ, геодезия, топограф, ва харитасоз;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
Маоши мансабӣ 1028,10 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- таҳсилоти олии касбӣ (ба -таҳсилоти олии касбии муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис-мелиоратор, мелиоратсия, агроном, агрономи ва хокшиносӣ, геодезия, топограф, ва харитасоз бартарӣ дода мешавад);
Маоши мансабӣ 841,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбии андоз ва андозбандӣ, иқтисодчӣ, омўзгорӣ- математика;
Маоши мансабӣ 690,0 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ,ба ҳисобгирии бухгалтерӣ, муҳосибӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
Маоши мансабӣ 1028,10 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ба ҳисобгирии бухгалтерӣ, молиявӣ, муносибатҳои баналмилалӣ;
- таҳсилоти олии касбии филолог, ҳуқуқшинос, сотсиолог, психолог, мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби мазкур мувофиқ. .
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ (арабӣ, форсӣ, урду, пашту), ҳуқуқшиносӣ, фалсафӣ, таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ, филологияи тоҷик, омўзгори фанҳои таърих, таърих ва ҷамъиятшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, таърих ва педагогика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти узбек, забон ва адабиёти қирғиз (бо бартари додан ба ихтисосҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мешавад);
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ. Ба донанадагони забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад;
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- аризаи шахсӣ ба номи роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
- тарҷумаи ҳол (хаттӣ);
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оиди доғи судӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Ҷайҳун, Ҷамоати шаҳраки «Дўстӣ» кўчаи И. Сомонӣ-26, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, ошёнаи якум, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия.
Телефон барои тамос: 8(3249) 4-28-29, 93-583-30-57
Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз, аз рўи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх