20:39, 30 Сентябри 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Категория: Основная

1. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи марказии мақомот-1 ҷой, маоши мансабӣ- 1269 сомонӣ.

2.Мутахассиси пешбари Намояндагии ВҲИ дар ВМКБ-1 ҷой, маоши мансабӣ- 696,8 сомонӣ.

3.Мутахассиси пешбари Намояндагии ВҲИ дар вилояти Хатлон-1 ҷой, маоши мансаби- 696,8 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ (гуманитарӣ), ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқaи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-кор карда тавонистан бо компютер, сомона, Интернет, техникаи аксбардорӣ, сабти навор ва овоз;

-таҷрибаи ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма;

-доштани қобилияти таҳия, таҳрир ва тарҷума.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ (ҳуқуқшиносӣ), ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-кор карда тавонистан бо компютер.

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

-ариза ба унвони раиси комиссияи озмунӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

734023, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-78, тел.: 221-46-89., www.ombudsman.tj

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯзазрӯзинашриэълондаррузномаи «Ҷумҳурият»



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Апрел 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон