ҲАМАИ ХАБАРҲО
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳамватанони азиз!Ҳозирини арҷманд!
Бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” -ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимӣ - таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ иштирок карданд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Бо арзи ихлосу эҳтиром Шуморо ба муносибати 70-солагии баҳори умратон табрику таҳният гуфта, ба Шумо бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ ва дар иқдомҳои ояндаатон пирӯзиҳоро хоҳонем.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорони Прокуратураи генералӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 30 июли соли равон дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо М., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатӣ Комилбеков А.Ё, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентии хизмати давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Қабл аз нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шиносоӣ бо натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 маводи иттилоотӣ дастрас карда шуд.
Дар ҷараёни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани хизматчиёни давлатӣ, риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, саҳми занон дар хизмати давлатӣ, ҳолати баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, талаботҳои тахассусӣ нисбати хизматчиёни давлатие, ки хоҳиши таҳсил дар хориҷи кишварро доранд, инчунин талаботи бозорӣ меҳнат ба хатмкунандагони Академияи идоракунии давлатӣ, фаъолияти сомонаи расмии Агентии хизмати давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Хусусан ба масъалаи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар посух ба саволҳои хабарнигорон қайд карда шуд, ки масъалаи тақвият додани иштироки занон дар хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади тарбия ва дастгирии занони болаёқат, инчунин ҷалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ қабул гардида, амалисозии онҳо идома дошта, саҳми занон дар хизмати давлатӣ мунтазам афзоиш дода мешавад.
Аз ҷумла қайд гардид, ки занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4486 нафар ё 23,4 фоизро ташкил дода, аз 5910 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1148 нафар ё 19,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 131 нафар ва теъдоди занони роҳбар 82 нафар афзоиш дода шудааст.
Иштирокдорони нишасти матбуотӣ ба ҳамаи саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх