ҲАМАИ ХАБАРҲО
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд.
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Италия дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
23 апрел дар шаҳри Рим дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия мулоқоту музокироти Тоҷикистону Италия баргузор шуд.
23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.
22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Пешниҳоди дахлдор зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Ҷиҳати шарҳ додани санадҳои меъёри ҳуқуқӣвобаста ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣдар Агентии хизмати давлатӣсанаи 2 июли соли ҷорӣмашғулияти идоравӣ баргузор гардид. Машғулияти мазкурро Қосимзода Г.Ҷ., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оғоз намуда, қайд намуд, кимасъалаи омӯзиши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ яке аз масъалаҳои калидӣбуда, офатҳои табиӣба маҳалҳои аҳолинишин таъсири манфӣрасонида, боиси фавти одамон, харобшавии инфрасохтор мешаванд ва барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишвар монеа эҷод мекунанд. Ҳамчунин ҳодисаҳои ҷаҳони муосир тақозо мекунанд, ки масъалаи мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда,
аҳолӣ барои бартараф намудани ҳама гуна офатҳо омода бошад.
Аз рӯйи масъала Кенҷазода М.А. котиби Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Агентӣ маърӯза намуд. Аз ҷумла иброз карда шуд, ки бо мақсади паст кардани сатҳи офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои бавуҷдомадаи офатҳои табиӣдар сохтори идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти салоҳиятдори махсус оид ба мудофиаи гражданӣбо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, №479 -Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, минбаъд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №611 он ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдид дода шудааст.
Барои пешбурди самаранокии фаъолият дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣдар солҳои соҳибистиқлолӣяк қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣва техногенӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ», «Дар бораи муқаррар намудани рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи «112» Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рақами даъвати хадамоти таъҷилии огоҳисозӣва эътино ба ҳолатҳои фавқулода», «Дар бораи тасдиқнамудани Тартиби таъминоти моддии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Тартиби умумии муайян намудани ҳаҷми зарари ба амвол расида ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода», «Дар бораи Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», «Дар бораи Низомномаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода», «Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» ва ғайраҳо тасдиқ карда шудаанд, ки ҳамагӣ барои андешидани тадбирҳои мушаххас вобаста ба пешгирӣва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.
Баъдан доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», дигар санадҳои танзимкунандаи соҳа, инчунин оид ба ҳайати Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода маълумоти муфассал дода шуд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх