User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2021 Агентии хизмати давлатӣ аз 25 то 30 январи соли 2021 65 нафар занони роҳбар ва дар захираи кадрҳои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бударо ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Менеҷменти нави давлатӣ ва сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷалб намуд.

Маросими ифтитоҳи курси мазкур бо иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода А.Д., муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Н., директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзи хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ғанизода И.Ғ. баргузор гардид.

Зимни суханронии директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. аз ҷумла таъкид карда шуд, ки Агентии хизмати давлатӣ бо мақсади татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати гендерӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ барои тарбияи кадрҳои болаёқат аз ҳисоби бонувон тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Мувофиқи таҳлилҳои омории соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 аз 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,3 фоизро занон ташкил дода, аз 5718 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1098 нафар ё 19,2 фоиз занони роҳбар мебошанд.

Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 78 нафар зиёд шудааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад, теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 51 нафар афзудааст.

Дар курси мазкур бо мақсади таҳким бахшидани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ  омӯзиши мавзӯъҳои «Гендер дар хизмати давлатӣ», «Кафолату имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ», «Зӯроварӣ дар оила ҳамчун шакли табъизи гендерӣ ва усулҳои муқовимат ба он», «Мактаби сарварии занони муваффақ», «Тадбирҳои сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Масъалаҳои гендерӣ дар низоми идоракунӣ» ва ғайраҳо роҳандозӣ гардид.

Дар интиҳои курс 29 январи соли равон дар мавзӯи «Менеҷменти нави давлатӣ ва сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Б.О., муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Абдулмаинзода З.Қ., ноиби ректори Академияи идоракунии давлатӣ Аҳмадзода З. ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ғанизода И.Ғ. баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои тақвият додани иштироки бонувон дар хизмати давлатӣ баррасӣ шуданд.

                   

                      Агентии хизмати давлатии назди
                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон