User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мутахассиси пешбари Раёсати ташкил ва назорати иҷроиҳуҷҷатҳои иҷро- 1ҷой, маоши мансабӣ – 1124,70 сомонӣ.
  2. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе- 1ҷой, маоши мансабӣ– 1131, 60 сомонӣ.
  3. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳри Турсунзода – 1ҷой, маоши мансабӣ– 1131, 60 сомонӣ.
  4. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Ваҳдат -1ҷой, маоши мансабӣ– 924, 60 сомонӣ.
  5. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рӯдакӣ– 1ҷой, маоши мансабӣ – 883, 20 сомонӣ.
  6. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Лахш – 1ҷой, маоши мансабӣ– 883, 20 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси Раёсати иҷро дар вилояти Суғд – 2ҷой, маоши мансабӣ– 1311 сомонӣ.
  8. Мутахассиси Раёсати иҷро дар вилояти Суғд – 1ҷой, маоши мансабӣ– 883, 20 сомонӣ.
  9. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд – 1ҷой, маоши мансабӣ– 1131, 60 сомонӣ.
  10. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд-1ҷой, маоши мансабӣ– 1076, 40 сомонӣ.
  11. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд-1ҷой, маоши мансабӣ– 1076, 40 сомонӣ.
  12. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд-1ҷой, маоши мансабӣ– 924, 60 сомонӣ.
  13. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд-1, маоши мансабӣ– 924, 60 сомонӣ.
  14. Сармутахассиси Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон - 1ҷой, маоши мансабӣ- 1311 сомонӣ.
  15. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон-1ҷой, маоши мансабӣ–  1076, 40 сомонӣ.
  16. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон-1ҷой, маоши мансабӣ–  924, 60 сомонӣ.
  17. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Хоруғи ВМКБ-1ҷой, маоши мансабӣ– 1076, 40 сомонӣ.
  18. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар судиҳарбии гарнизони Хоруғ-1ҷой, маоши мансабӣ – 972, 90 сомонӣ.
  19. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ-1ҷой, маоши мансабӣ– 972, 90 сомонӣ.

  

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

 зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол (дастнавис ва чопӣ);

- нусхаи диплом бо замимааш;

- расми андозаи 4х6 – 2 адад, 9х12 – 1 адад;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ аз мақомоти андоз;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

- хислатнома;

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ.

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис ва иҷрочии калон

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси - ҳуқуқшиносӣ; ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

         - донистани забони давлатӣ, таърих, фарҳанг, муќаддасоти миллӣ ва малакаи кор бо компютер;

         - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

         - адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) нисбати довталабони мансабҳои холии иҷрочии калон ва иҷрочӣ;

-Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва иҷрочӣ

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос – ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

          - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;

         - донистани забони давлатӣ, таърих, фарҳанг, муќаддасоти миллӣ ва малакаи кор бо компютер;

         - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

         - адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) нисбати довталабони мансабҳои холии иҷрочии калон ва иҷрочӣ;

-Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

 

  Эзоҳ: ариза ва ҳуҷҷатҳои довталабон доир ба иштирок дар озмун аз рўзи нашри эълони мазкур дар мӯҳлати 21 рўз дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воќеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Исмоили Сомонӣ - 8 (бинои Иттифоќи нависандагони Тоҷикистон, ошёнаи сеюм) ќабул карда мешаванд.

  Телефонҳо барои тамос: 228-98-36; 228-98-29.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.