User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 5 июли соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида, дар кори он аъзои ҳайати мушовара, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Фариддун, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 ва лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023 баррасӣ гардиданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро оғоз намуда, аз рӯйи масъалаи якум муовини якуми директори Агентӣ Қосимзода Г.Ҷ. гузориш доданд.

Зимни маърӯза қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои Агентии хизмати давлатӣ ба ҳолати 1 июли соли 2023 теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18430 нафар (84,6 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3352 адад (15,4 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 11912 нафар (занон 2920 нафар ё 24,5 фоиз), мақомоти иҷроияи маҳаллӣ 3566 нафар (занон 1068 нафар ё 29,9 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2952 нафар (занон 568 нафар ё 19,2 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4556 нафар ё 24,7 фоизро ташкил дода, аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафар ё 19,2 фоиз занони роҳбар мебошанд. 

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8996 нафар (48,8 фоиз)-ро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда  теъдоди  ҷавонони то 35-сола  1628 нафар буда, 27,4 фоизро ташкили медиҳад.

Шумораи хизматчиёни давлатие, ки дар соли 2023 ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ мерасанд, 308  (зан-70) нафарро ташкил медиҳад.

Аз ин шумора ба мақомоти иҷроияи марказӣ 151 (занон-47) нафар ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 157 (занон-23), аз ҷумла ба ВМКБ 18 (зан-2) нафар, вилоятҳои Суғд 40 (зан-7) нафар, Хатлон 66 (зан-7) нафар, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 3 (зан-2) нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 (зан-5) нафар рост меояд.

Зимни гузориш вобаста ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, рафти иӣрои дастурҳо, дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳо дар Агентии хизмати давлатӣ, омӯзиши рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрии хизмати давлатӣ ахбор дода, таъкид гардид, ки дар ин давра барои ишғоли 3305 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардид. Ба 2167  мансаби холӣ бо иштироки 4487 нафар, аз он зан-821 нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1882 нафар, аз он зан-479 (соли 2022-1807, зан-433) нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.

Ба 1138 мансаби дигар ҳуҷҷат супорида нашуд.  Муайян гардид, ки барои ишғоли як мансаб асосан 1,4 довталаб рост меояд.

Аз 1882 нафари ба мансабҳо таъингардида 1278 (зан-213) нафар   ҷавонони то 35 - сола мебошанд

Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ омада 304 (зан-177) нафар буда, аз ҳисоби ҷавонони то 35 - сола 76 (зан-13) нафар ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.

 Дар нимсолаи якуми соли 2023 кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 63 ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ (мақомоти марказӣ-22 ҷаласа ва мақомоти маҳаллӣ-41 ҷаласа) иштирок намуданд.

Мувофиқи рӯйхат ва ҷадвалҳои пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ аз 1260 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки бояд ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта мешуданд, 1169 нафар, аз он зан-263   нафар хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия ҷалб шуда, 91 нафар бо сабабҳои узрнок (рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ) дар аттестатсияҳо иштирок накарданд.

Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ аз 1169 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 1118 нафар, аз он зан-249 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат 22 нафар, аз он зан-3 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 24 нафар, аз он зан-1  нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 30 нафар, аз он зан-7 нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтанд.

Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 51 нафар, аз он зан-14 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат ба 38 (зан-9) нафар барои такмили ихтисос, ба 8 (зан-3) нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан ба 5 (зан-2) нафар барои аз мансаб озод кардан тавсия дода шудааст.

Дар рафти гузориш қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 27 курси таълимӣ, аз ҷумла-3 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомӯзӣ, 22 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи мазкур ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Турсунзода, Бохтар, Дарвоз ва Ҷалолиддини Балхӣ доир карда шуда, дар онҳо 1518 (зан-530) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аҳмадзода Д.Д. дар бораи лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2023  масъалаи дуюми маърӯза  намуда, аз натиҷаи он барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа  директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ  ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.

 

 

                                               Агентии хизмати давлатии назди

                                                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон