- Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1825,25 сомонӣ.
- Мудири бахши нақлиёт ва алоқаи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1497,45 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи кор бо маҳалҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансаби - 1112,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913,00 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913,00 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913,00 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913,00 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таьсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо (2 дона расми 3х4);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи диплом;
- нусхаи шаҳодатномаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (справка-объективка);
- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ (ИТС).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев 39, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ошёнаи 7, утоқи №710,
Телефон барои тамос: 4-67-01.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.