Дар доираи барномаи “Татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот имрӯз” 16 майи соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои

раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ифтитоҳ гардид.

         Дар ифтитоҳи курси мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ - Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намудаанд.

         Абдухалил Ғафурзода, зимни ифтитоҳи курси мазкур иброз дошт, ки ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили хусусиятҳои раванди ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар сатҳи маҳал аҳамияти хосса дошта, дар ду даҳсолаи охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба мисли Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ”, Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ғайра қабул ва тасдиқ карда шуданд, ки онҳо барои пешрафт ва ташаккули минбаъдаи идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар натиҷаи ислоҳот, идоракунии маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо падидаҳои комилан нав чун интихобот, ҳамкориҳои берунаи хориҷӣ, худидоракунӣ, худфаъолиятии ҷамъиятӣ ва падидаҳои дигар такмил ёфта, ба раванди муносибатҳои ҷаҳонишавӣ ворид шуд. Бинобар ин, таҳлили муфассали илмии хусусиятҳои раванди ташаккулёбии низоми нави муносибатҳои сиёсати давлатӣ дар сатҳи маҳал бо назардошти падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Сиёсати маҳаллӣ қисми таркибии сиёсати давлатӣ буда, амалҳои ҳадафноки давлатро дар худ таҷассум менамояд, ки он барои амалӣ шудани фаъолияти мутавозини маҳалҳо ва таъмини рушди самаранокии онҳо равона мегардад.

         Зимни суханронии хеш Дилноза Аҳмадзода - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ интихоби мавзӯъ ва барномаи таълимии курси такмили ихтисосро маҳз барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот муҳим арзёбӣ карда, дуруст ба роҳ мондани талаботҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро дар сатҳи мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои таъмини бонизоми идоракунии давлатӣ аз сатҳи маҳал то сатҳи мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатӣ зарур ва саривақтӣ баён дошт.

         Маврид ба зикри хос аст, ки курси мазкур дар ҳаҷми 46 соат аз 16 то 21 майи соли 2022 идома ёфта, дар ҷамъбаст дар мавзӯи “Татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” бо иштироки намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ва дигар мақомотҳои босалоҳияти давлатӣ мизи мудаввар доир мегардад.

 

                                                                                                        Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон