Санаи 22 апрели соли ҷорӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ҳангоми таҳсили дарозмуҳлат дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.

 Ҷаласаи гуруҳи кории байниидоравиро - Аҳмадзода Дилноза роҳбари гуруҳи кории байниидоравӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, мақсади таъсиси гуруҳи корӣ ва фаъолияти онро, ки барои омӯзиши масъалаҳои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ҳангоми таҳсили дарозмуҳлат дар дохил ва хориҷи кишвар равона гардидааст, иброз намуд.

Дар ҷаласаи мазкур, аъзои гуруҳи кории байниидоравӣ намояндагони вазоратњои молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони Агентии хизмати давлатӣ иштирок ва бо пешниҳодҳои мушаххас барои роҳандозии зумраи ҳавасмандиҳо барои хизматчиёни давлатӣ баромад намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки масъалаи мазкур дар асоси талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби нигоҳ доштани музди меҳнат, мансабҳои ишғолшуда ё мансаби ба он баробар ҳангоми таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ», ки 23 январи соли 2013 №1399 ба тасвиб расидааст, баррасӣ ва муҳокима карда шуд.

Бояд қайд намоем, ки дар асоси моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ амалї карда шуда, дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ва дар асоси фармоиши давлатӣ, дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар робита ба ин, дар заминаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ханнс Зайдел аз соли 2009 инҷониб бо дастгирии Бунёди Ханнс Зайдели Олмон дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксолаи ройгон бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шудааст.

Дар натиҷаи ин ҳамкориҳои муваффақ давоми солҳои 2010-2020 магистратураи мазкурро 744 (зан-210) нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд, ки аз он хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ 386 (зан-100) нафар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 358 (зан-110) нафарро ташкил дода, 51 (зан-16) нафари онҳо кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд. Аз теъдоди 744 нафар хатмкардагон 368 (зан-104) нафар ё 49,4 фоизи  онҳо ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд ва соли 2021 боз 76 (зан-24) нафар хизматчиёни давлатӣ магистратураи мазкурро хатм намуданд.

Дар давраи фарогирӣ ба таҳсил хизматчиёни давлатӣ бо стипендия таъмин карда шуда, таҳсилот дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ бо бастани қарордоди сеҷониба ба роҳ монда мешавад, - зикр намуданд Қосимзода Гурез Ҷӯрахон, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Масъалаи пардохти музди меҳнат дар баробари таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва инчунин таъминот бо стипендияи ҳармоҳа масъалаи ҳалталаб боқӣ монда, бо такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва хулосаи вазорату идораи дахлдор қарори ниҳоӣ қабул карда мешавад,-иброз дошт дар фарҷоми ҷаласаи гуруҳи кории байниидоравӣ, роҳбари гуруҳ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза.

 

                                                                                   Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон