1 . Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Рушон – ҷой, маоши мансабӣ – 1831 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Телефонҳо барои тамос: 21-4-04, 21-5-27
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Рӯшон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.
