Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2780,00 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-2780,00 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2780,00 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари раёсати растанипарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари бахши байторӣ ва зотпарварии раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинги барномаҳои давлатии раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари бахши амнияти озуқаворӣ оид ба масъалаҳои СУС-и раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ-2 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ .
  11. Мутахассиси пешбари раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                                       Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 4 дона расми 3х4 ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотномаи доғи судӣ

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ муқарраргардида;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)

- маълумотнома (справка-объективка).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

    Шаҳри Душанбе, н.Сино, кӯчаи Шамсӣ 5/1

Телефонҳо барои тамос: 235-39-18, 235-38-61, 235-38-44, 235-38-17.

почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

  Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.