Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси соҳаи механикакунонии раёсат 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2550,90 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси соҳаи чорводории раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2550,90 сомонӣ.
  3. Мутахассиси соҳаи мелиоратсия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1590,90 сомонӣ.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадории мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медарорад;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

  • таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
  • одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Кўлоб хиёбони Исмоили Сомонӣ-35.

Телефонҳо барои тамос:- (83322) 2-33-93; (83322) 2-39-62.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.