- Мудири бахши қароргоҳи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2786 сомонӣ.
- Мудири бахши васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2786 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
- Сармутахассиси бахши васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи кор бо занони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъба ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2757 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон - 1 чой, маоши мансабӣ – 1612 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
- Сармутахассиси бахши кор бо оилаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
- Мутахассиси бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раиси вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мудири бахш:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири бахшро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
- Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);
- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ, оилии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста,ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ваозодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;.
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Бохтар, кўчаи ба номи Н.Хувайдуллоев 1 суроғаи почтаи электрони Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Индекс: 735140
Телефон барои тамос: 2-16-16, факс 3-47
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилояти Хатлон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.
