PRESIDENT
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 4364
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва ба иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расид:
-
Read more: Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 3467
Дар Қасри миллат масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Садир Жапаров ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд. Сарони ду давлат аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.
Таҳким ва густариши робитаҳои парлумонӣ воситаи маҳими рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.
Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ зарур шумурда шуд.
Read more: Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 4592
8 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.
Read more: Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Қасри миллат
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 5094
8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Read more: Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон
Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 756
Шоми рӯзи 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори меҳмони олимақом муҳтарам Садир Жапаров бо нишони қадршиносӣ дар фазои дӯстию бародарӣ маҳфили “Шоми дӯстӣ” барпо намуданд.
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 645
8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид.
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 43
8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази “ЭСКПО”-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Read more: Боздид аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маркази “ЭКСПО”
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 29
8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров иштирок ва дар ҳузури соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вақтҳои охир тамоюли афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон мушоҳида мешавад ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ, инчунин ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ рушд меёбанд.
Read more: Иштирок дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон