User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 76-солагии Ғалаба боздид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

8 май дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019” гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳолати ҷангӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин гардид.

Тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Савзаалӣ Назирзода - директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир - муовини якуми директори Агентии  таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд.

Дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ мутахассисонии соҳаи боғдории вилояти Хатлон, аҳли заҳмати хоҷагиҳои боғпарвари ноҳия, дар маҷмуъ ҳазор нафар иштирок карданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 дар ноҳияи Данғара бо дастгирӣ ва ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат дар майдони 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуд. Соли гузашта бо истифодаи самараноки замин ва руёнидани ҳосили дилхоҳ аз ноҳияи Данғара ба хориҷи кишвар 1000 тонна мева содирот гардид.

Имрӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 навъи себ боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мардуми шарифи кишвар санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо мебошанд, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат мардуми сарбаланди мамлакат, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар яки шумо-ҳозирини арҷмандро самимона табрик мегӯям.

Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 26 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба таърихи 26 соли таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтанаш андешаронӣ карданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.

Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.