User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар асоси ҳидоятҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 дар Агентии хизмати давлатӣ китобхонаи идоравӣ таъсис дода шуда, дар он маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои соҳаи хизмати давлатӣ, адабиёти илмӣ ва бадеӣ ҷамъ оварда шудаанд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 30 июли соли равон дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо М., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи  Академияи идоракунии давлатӣ Комилбеков А.Ё, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентии хизмати давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи    9    июли    соли   2021    ҷаласаи     ҳайати     мушовараи    Агентии     хизмати        давлатии     назди    Президенти    Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти  Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 ва Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии  назди  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  нимсолаи  дуюми  соли  2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №26/10-318 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 санаи 30 июли соли 2021, соати 1500 дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33, ошёнаи 2 баргузор мегардад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Ҷиҳати шарҳ додани санадҳои меъёри ҳуқуқӣвобаста ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣдар Агентии хизмати давлатӣсанаи 2 июли соли ҷорӣмашғулияти идоравӣ баргузор гардид. Машғулияти мазкурро Қосимзода Г.Ҷ., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оғоз намуда, қайд намуд, кимасъалаи омӯзиши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ яке аз масъалаҳои калидӣбуда, офатҳои табиӣба маҳалҳои аҳолинишин таъсири манфӣрасонида, боиси фавти одамон, харобшавии инфрасохтор мешаванд ва барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишвар монеа эҷод мекунанд. Ҳамчунин ҳодисаҳои ҷаҳони муосир тақозо мекунанд, ки масъалаи мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда,

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Бахшида ба 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон 24 июни соли ҷорӣ бо иштироки Карамалишоев Карамалӣ-сардори Раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алланазаров Шараф-мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,Равшани Махсумзод-муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, инчунин ҳайати кормандонтаҳти унвони «Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Бо мақсади мукаммал намудани сатҳи донишҳои амалии кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар асоси сархати якуми протоколи ҷаласаи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2021, №1 дар доираи иҷрои банди 6 Нақшаи чорабиниҳои асосии Агентии хизмати давлатӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021санаи 22 июни соли 2021 дар саҳни бинои Агентии хизмати давлатӣ машқҳои амалӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои оташхомӯшкунӣ ва истифодаи таҷњизотҳои зиддирадиатсионӣ ва кимиёвӣ бо

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби бештари духтарону занон ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд курси дуалии омӯзишии «Зан-сарвар» аз натиҷаи ҳамкории Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон санаи 21 июни соли 2021 оғоз гардид.