User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 21 ноябри соли ҷорӣ дар толори Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Зимни баррасии масъалаҳои ҷории корӣ, инчунин директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. бо кадрҳои навтаъини Агентии хизмати давлатӣ, ки қаблан дар озмун барои ишғоли мансабҳои холиии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентӣ иштирок ва муваффақ гардиданд, мулоқот намуд.

Бо фармоиши директори Агентӣ Шамсов Муҳаммад Сафовудинович ба мансаби мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, Муқимов Ҳоҷиюнус Ҳофизович ба мансаби мутахассиси шуъбаи ташкилию иттилоотӣ, Саидамадзода Муҳайё ба мансаби мутахассиси шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат, Сафарзода Амир ба мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд ва Садриддинов Аврангзеб Бобоҷонович ба мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардиданд.

Дар рафти мулоқот директори Агентӣ вобаста ба шароити корӣ, талаботҳои мавҷуда ва фаъолияти бонизоми корӣ дар Агентӣ ёдовар гардида, барои оғози фаъолият дар ин ниҳоди давлатии сермасъул ва бонуфуз ба кадрҳои ҷавону умедбахш, хизматчиёни давлатӣ муваффақият таманно намуд.

        

 

                                                                                                                                        Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                                        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон