User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи  кории байниидоравӣ  бо  иштироки намояндагони вазоратҳои адлия, кишоварзӣ, маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  фарҳанг,  кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои рушди маҳал, кор бо занон ва оила, меъморӣ ва сохтмон, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, рушди сайёҳӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Саридораи бойгонӣ, агентиҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи роҳбарият вобаста ба ҳалли масъалаи тасдиқи низомномаҳои воҳидҳои сохтории маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа Давлатов Ҷ.М.-  директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки фаъолияти сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ ҳамоҳанг карда мешавад.

Тартиби мазкур аз талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми идоракунии давлатӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №694 «Дар бораи Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ» бармеояд.

Муайян карда шуд, ки баъзе сохторҳои маҳаллии мақомоти марказӣ ҳам дар нақшаҳои идоракунии мақомоти марказӣ ва ҳам дар сохтори намунавии   мақомоти   иҷроияи   маҳаллии   ҳокимияти   давлатӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №115) пешбинӣ карда шудаанд.

Ҳолати мазкур боиси он гардидааст, ки дар масъалаи тасдиқи низомномаҳои воҳидҳои сохтории маҳаллии баъзе мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд,  таҷрибаи гуногун амалӣ карда шуда, тартиби ягонаи тасдиқи низомномаҳои сохторҳои маҳаллӣ мавҷуд намебошад.

Дар идомаи кори ҷаласаи  кории байниидоравӣ, масъулин аз вазорату идораҳо бо таҳлил ва таклифу пешниҳодҳои мушаххас баромад намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа ҷиҳати бартарафсозии ихтилофҳои зикргардида зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, №579 «Дар бораи Дастури методӣ оид ба таҳияи низомномаҳои дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории он ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ», қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2011, №115 «Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дихлдор, пешниҳод гардид.

 

 

                                                                                                                                          Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон