User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 17 ноябри соли ҷорӣ дар ҳошияи таҷлили ҷашни 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ- кормандони Агентии хизмати давлатӣ тамошои Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил гардид.

Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, соли 2021 мавриди истифода қарор дода шуда буд.Он бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Мақсад аз ташкили боздиди хизматчиёни давлатӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат ин тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Сарвари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Осорхонаи Пешвои миллат мутобиқ ба талаботи замони муосир, бо назардошти аслият ва мазмуну мундариҷаи нигораҳо таъсис дода шуда, ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, ифтихормандӣ ва завқи эстетикии бинандаро дучанд менамояд.

Нигораҳои осорхона овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин муассиса фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони донишгоҳ ва ғайра дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ шудаанд.

Осорхона аз утоқи пазироӣ ва толори «Таҳсил» ва «Истиқлол» иборат буда, нигораҳо аз нигоҳи таърихӣ мураттаб шудаанд. Масалан, дар тарафи девори рости «Утоқи пазироӣ» Нишони давлатии Тоҷикистон дар гаҷ ҳаккокӣ гардида, аз тарафи чап Парчами давлатӣ гузошта шудааст. Дар рӯ ба рӯи дари даромад мизи ҳаштгӯшаи кандакоришуда бо курсиҳо гузошта шудааст. Сақфи бино бо кандакориҳои чӯбин пӯшонида шудааст, ки маҳсули дасти донишҷӯёни Коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов мебошанд.

Дар даромадгоҳи толори «Таҳсил» бошад, мизи донишҷӯёни солҳои 70- 80-уми асри ХХ, ки Пешвои миллат дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Ин ва дигар нигораҳо, ки аллакай моли таърих дониста мешаванд, ҷолибу диданӣ буда, таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб менамоянд. Дар ҳамин толор, инчунин китобҳои таълимӣ аз фанни иқтисодиёт ҷой дода шудаанд. Дар 3 равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Дар девор акси ректорони донишгоҳ то давраи истиқлолият гузошта шуда, толорро ҳамчунин акси устодони факултети баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯи ин факултет Эмомалӣ Раҳмон баъд аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, расми якҷояи ҳамсабақони Пешвои миллат ва нигораҳои кандакоришуда ороиш медиҳанд.

Композитсияи китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон-таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» чопи соли 1972 дар лавҳаи чӯбин, бозёфтҳои донишҷӯёни факултети таърих ҳангоми таҷрибаомӯзии археологӣ дар ноҳияи Фархор ва нигораҳои кандакоришуда толорро боз ҳам пурра мегардонанд. Ду сутуни толор бо тасвири нақшҳои Мақбараи Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ кандакорӣ шудаанд.

Толори «Истиқлол»-и ин Осорхона ба ташрифҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастовардҳои Донишгоҳ дар 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ҳамин толор, инчунин, аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда гузошта шудааст.

Осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маводи ба Пешвои миллат бахшидашуда гӯшаи дигари ин толори барҳаворо зиннат мебахшад.

Сақфи бино бо гаҷкориҳои миллӣ оро ёфта, асарҳои рассомони тоҷик дар ҷойҳои мувофиқ овезон карда шудаанд.

Дар маҷмуъ Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф ва фарҳанг буда, барои ҳар тамошобин роҳнамои арзанда мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки иқдоми шиносоӣ ва боздиди осорхонаҳо аз ҷониби кормандони Агентии хизмати давлати дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва Нақшаи ташкили тамошои дастаҷамъонаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар осорхонаҳои шаҳри Душанбе барои кормадони Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2022 роҳандозӣ гардида, давоми сол чунин боздидҳо ва шиносоӣ бо фаъолияти осорхонаҳо идома дода мешаванд.

 

                                                                                                                          Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон