User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 16 ноябри соли равон бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассиссаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили 30-умин солгарди Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз-заминаи рушди босуботи кишвар» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Файзализода Ҷумахон Хол-директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафаров Сайфулло Садулоевич- ходими давлатию ҷамъиятӣ, Аскар Ҳаким-шоири халқии Тоҷикистон Ѓуломшоев Сулаймоншоҳ-ходими Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», донишҷӯёни риштаи  «Идоракунии давлатӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.  

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ вобаста ба аҳамияти таърихии баргузории ин Иҷлосия, нақши қарорҳои қабулгардида ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар, ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастоварду пешравиҳои Тоҷикистон дар партави карорҳои қабулшудаи  Иҷлосия ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки барои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин падидаҳои таърихӣ ва тақдирсоз буда, арҷгузорӣ ба он қарзи шаҳрвандии ҳар шаҳрванди кишвар дониста мешавад. 

Халқи тоҷик ва кишвари тозабунёди мо дар оғози соҳибистиқлолӣ бо душвориҳо, аз ҷумла халалдор гардидани сохти конститутсионӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ, ба гирдоби алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, ба вуҷуд омадани бесарусомониҳо рӯ ба рӯ гардид. Ҳатто мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли мо зери хатар афтода буд. Барои таҳкими истиқлоли кишвар дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ 16-уми ноябри соли 1992 баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) беҳтарин ва муҳимтарин амал буд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки дар ин марҳилаи басо ҳассоси таърихӣ ба сари қудрат омадани Пешвои муаззами мо, зуҳури ӯ ҳамчун як лидери умумимиллӣ барои раҳоӣ аз ҷанги хонумонсӯз, ба ҳам пайвастани мардуме, ки пушти ду сангар қарор доштанд, замина гузошт.

Иҷлосияи мазкур ҳамчунин барои ноил шудан ба созиши миллӣ мулоқоту машваратҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷониби мухолифин дар солҳои 1992-1997 замина гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамчун меъмор пояҳои давлатдории навини тоҷиконро бунёд ва миллати моро дубора ба ҳам пайванд намуда, дар эмори давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ саҳми беназир гузорад.

Иштирокдорони ҳамоиш-собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, аз ҷумла Ҷумахон Файзализода, Сайфулло Сафаров, Аскар Ҳаким ва Сулаймоншоҳ Ғуломшоев зимни баромадҳо вобаста ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули кишвари мо, хизматҳои шоёни Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик, алалхусус, баргардонидани тамоми гузерагон, саҳми Сарвари давлат дар рушди тамоми соҳаҳои хаҷагии халқ, аз ҷумла илму фарҳанг, маорифу соҳаи чавонон, бунёдкорию созандагии кишвар, тадбирҳо дар самти таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамзамон нақши Сарвари давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар намуда, суханҳои хешро бо иқтибосҳо аз паёму суханрониҳои Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият доданд.

Дар баробари суханони ифтитоҳӣ –табрикотӣ, маърӯзаҳои илмӣ- назариявӣ шунида шуда, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони Муассиссаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти самарабахш ва иштирок дар озмуну чорабиниҳои соҳавӣ  ба мукофотҳои идоравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

                                                                 

 

                                                                                                                              Агентии хизмати давлатии назди 

                                                                                                                              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон