User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҳамкасбони азиз!

Бо ин санаи таърихӣ, ҷашне, ки ваҳдату мардуми шарафманду сарбаланди кишвари азизамонро поягузорӣ намуд, ҷашне, ки далели муттаҳидии ҳар кадоми мову Шумо дар атрофи

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст-ҳар кадоми шуморо муборакбод гуфта, бароятон сарбаландию некномҳ, ба сарзамини биҳиштосоямон сулҳу суббот, файзу баракати ҷовидонаро таманно мекунам.

Дар таърихи ҳар халқу миллат падидаҳое мавҷуд ҳастанд, ки бо хатти заррин сабт гардида, дастоварду пешравиҳои давлату миллат ба он рабт доранд.

Бешубҳа, барои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин падидаҳои таърихӣ ва тақдирсоз буда, арҷгузорӣ ба он қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо дониста мешавад. 

Истиқлолияти давлатӣ барои мо – мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози даврони истиқлолият бо таъсири бархе аз нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, ки ин ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, дар кишвар тартиботи конститутсиониро халалдор ва бесомониҳоро ба вуҷуд овард.

Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри тањкими истиқлоли кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад.

Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии ќабулнамудаи он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани тартиботи ќонунї ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.

Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам».

Ҳамчунин аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ зиёда аз 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Тибқи моддаи 109-и Конститутсияи собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Вазирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз ин рӯ, Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул гардид. Акнун дар байни иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мақомоти олии доимоамалкунанда Раёсати Шӯрои Олӣ ба шумор мерафт, ки он давлатро ба таври куллӣ идора мекард.

Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои Олии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фиристонанд. Бо ин амали худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи байналмилалии Тоҷикистонро поягузорї ва устувор намуд.

Бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.

Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Воқеан дар ин марҳилаи басо ҳассоси таърихӣ ба сари қудрат омадани Пешвои муаззами мо, зуҳури Ӯ ҳамчун як лидери умумимиллӣ барои раҳоӣ аз ҷанги хонумонсӯз, барои ба ҳам пайвастани мардуме, ки пушти ду сангар қарор доштанд, замина гузошт.

Сарвари ҷавони тоҷикон дар ин солҳои мураккаб тавонист бо қарорҳои дурандешонаю оқилона миллати парешонро сарҷамъ кунад. Барои ноил шудан ба созиши миллӣ мулоқоту машваратҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷониби мухолифин дар солҳои 1992-1997 замина гузошт.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

Фарзанди фарзонаи тољик Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамчун меъмор пояњои давлатдории навини тоҷиконро бунёд ва миллати моро дубора ба ҳам пайванд намуда, дар эмори давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ саҳми беназир гузорад.

Таҳти роҳбарии Пешвои муаззами мо миллати тоҷик мардуми сарбаланду баномус ва дар оташи муборизаҳои таърих обутобёфта ин фоҷиаи сахти миллиро паси сар карда, бори дигар худро шинохт ва зарурати якпорчагии давлатро беш аз пеш дарк намуд, кишваре, ки аз рўзи азал пайваста барои расидан ба зиндагии шоистаю арзанда, ба истиқлолияти воқеӣ ва худшиносии миллӣ талош дошт ва дар гузашта мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронидааст, тавонист монеаҳои зиёдеро рафъ  карда, соҳиби  давлат гардад.

Давлатсозӣ, дар шароити мураккаб, фароҳам овардани заминаҳои ташаккули миллат, таҳкими истиқлоли давлатӣ ба вуҷуд овардани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои таърихи куҳан, бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ - ин ҳама корномаҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошанд.

Пайомади саъю талошҳои ҳамешагӣ дар Тољикистони соҳибистиқлоли мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ ва рӯҳияи  созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.

Муҳаққиқон бо тадбир ва  талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлатро яке аз муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мо донистаанд, зеро доштани давлатдории миллӣ маънои амали гардидани тамоми орзую ормонҳои ниёгон, заминаи татбиқи ҳадафҳои насли имрӯзу фардо мебошад.

Масъалаҳои дигари муҳим дар ин марҳилаи ҳассос, ки бо ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат амалӣ гардидаанд, ҳифз намудани тамомияти арзии Тоҷикистон, дар муддати бисёр кӯтоҳи таърихӣ, таъсис додан ва тақвият бахшидани рукнҳои муосири давлатдорӣ ва ташаккули низоми идоракунӣ мебошанд.  

Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад.

Имрӯз хизматчиёни давлатӣ бо қадршиносию арҷгузорӣ аз хидматҳои содиқонаи Сарвари хизматчиёни давлатӣ-абармарди давлатсозу ватанпараст дар баробари  ҳар кадом сокини ин сарзамин дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъу ҳамдиланд ва дар роҳи рушди кишвари биҳиштосоямон ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ бо пайравӣ аз Президенти маҳбуби худ қадамҳои устувор мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин санаи муқаддас-30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ табрик намуда, ба Шумо тансиҳатию хонаободӣ ва саодатмандиро орзу менамоям.