Санаи 10 августи соли ҷорӣ тибқи Нақшаи баргузории озмунҳо барои интихоби номзадҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати таҳсил дар зинаи магистратура аз рӯи ихтисоси «Идораи давлатӣ»
озмун бо иштироки комиссияи озмунии қабул дар ҳайати Меҳрӣ Олимшо- мушовири Бахши Ёрадамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо, Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумахон Файзализода - директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Сомон Исматзода ва Исмоил Абдуалимзода - ноибони ректори Академияи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон, Сарвиноз Икромова - сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Академия ва Зоҳир Қодиров - муовини директори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ баргузор гардид.
Қабл аз шуруи кори Комиссия мулоқоти раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер бо ҳайати комиссияи озмунии қабул баргузор гардид.
Дар рафти мулоқоти корӣ раиси вилоят бо изҳори қаноатмандӣ аз кӯшишҳои пайвастаи Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ изҳори сипос намуд.
Пешниҳод намуд, ки ташкил намудани курсҳои минбаъдаи сайёри такмили ихтисосу таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатии ВМКБ дар мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа бо мақсади табодули таҷриба, тақвияти дониш ва баланд бардоштани қобилияту истеъдод ва малакаи кории хизматчиёни давлатӣ муҳим мебошад.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон