User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 июни соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии бо иштироки роҳбарият ва  кормандони Агентии хизмати давлатӣ,

шунавандагони курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва донишҷӯёни таҳсилоти дуюми Академияи идоракунии давлатӣ чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.

         Дар чорабинӣ Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил, номзади илмҳои филологӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хидирзода Махфират Умар, доктори илмҳои фалсафа, профессор, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ; Қурбонова Руқия Атоевна, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-собиқадори  соҳаи хизмати давлатӣ ва Сайидзода Зафар Шералӣ, доктори илмҳои таърих, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Ҷамъомадро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ. М. ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тибқи қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002  санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.

Ҳамасола давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз чорабиниҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро арзёбӣ мекунанд.  

Зимни суханронӣ вобаста ба таъсиси хизмати давлатии касбӣ, марҳилаҳои рушди соҳаи хизмати давлатӣ, ислоҳоти соҳа ва марҳилаи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ибрози андеша карда шуд.

Зикр гардид, ки ташаккули хизмати давлатӣ дар кишвар бо сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, равандҳои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи зич дорад. 

Ба ҳолати 1 апрели соли 2022 дар мақомоти давлатӣ 18559 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти марказӣ 11939 нафар (занон 2874 нафар ё 24,0 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3560 нафар (занон 1006 нафар ё 28,2 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3060 нафар (занон 562 нафар ё 18,3 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4442 нафар ё 23,9 фоизро ташкил дода, аз 5787 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1086 нафар ё 18,7 фоиз занони роҳбар мебошанд.

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8952 нафар (48,2 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунанда  1506 нафар (26,0 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил вобаста ба «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими соҳаи хизмати давлатӣ» ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки эҳё ва таҳкими соҳаи хизмати давлатӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат пайванд аст. Хизматчиёни давлатӣ васлкунандаи давлат ва ҷомеа мебошанд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки хизматчии давлатӣ бояд дасту дилу нияти пок дошта бошад.

Хидирзода Махфират Умар, доктори илмҳои фалсафа, профессор, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ зимни шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатъномаи махсус боиси таваҷҷуҳи соҳа дар тамоми дунё, аз ҷумла кишвари мо мебошад. Хизмати давлатӣ ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ аст. Ҳар як хизматчии давлатӣ симо ва имиҷи давлат аст. Хизматчиёни давлатӣ ҳамчун пули байни  давлат ва ҷомеа  фаъолият менамоянд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бешубҳа соҳаи хизмати давлатӣ, низоми тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ҷавонгардонии хизмати давлатӣ ва ҷалби бештари бонувон ба хизмати давлатӣ таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.

Вазъи мураккаби ҷомеа ҷаҳонӣ тақозои онро дорад, ки ҳар як хизматчии давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои касбӣ ва қобилияти корӣ пайваста омӯзиш намояд.

Қурбонова Руқия Атоевна, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни суханронӣ роҷеъ ба сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳа, ҳамзамон ҷалби бештари ҷавонону занон ба соҳаи хизмати давлатӣ ибрози назар карданд.

Қайд намуданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳз хизматчиёни давлатӣ масъулияти асосиро ба зимма доранд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба нақши хизматчиёни давлатӣ дар рушди ҷомеа таъкид доштанд, ки «Хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд».  

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода таъкид доштанд, ки ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд. Ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расанд.  

Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ ҳамчун ниҳоди касбӣ корҳои мушаххасеро анҷом додааст, ки  қобили қадрдонист. Вале рушди ҷомеа, падидаҳои мураккаби ҷаҳони  муосир дар назди хизмати давлатӣ ва хизматчии давлатӣ вазифаҳои нав ва пурмасъулиятро гузоштааст, ки аз иҷрои онҳо рушди устувори ҷомеа, баландшавии сатҳ ва сифати зиндагии мардум вобаста аст.

Дар яке аз ҳидоятҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки савганди ёдкардаи Президенти мамлакат нафақат ба Роҳбари давлат, балки ба ҳар кадоми онҳо низ дахл дорад.

Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати худро дарк намуда, таҳти сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва халқи Тоҷикистон барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон содиқона хизмат хоҳанд кард.

Дар анҷоми ҳамоиш барои сатҳи баланди ҳамкориҳо бо Агентии хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди хизмати давлатӣ ва тарбияи хизматчиёни давлатии ҷавон ба ифтихори Рӯзи хизмати давлатии Созмони Миллали Муттаҳид-23 июн бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 22 июни соли 2022, №135 «Дар бораи сарфароз гардонидан бо Ифтихорномаи Агентиии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Хидирзода Махфират Умар, доктори илмҳои фалсафа, профессор, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Қурбонова Руқия Атоевна, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-собиқадори  соҳаи хизмати давлатӣ ва Зафар Сайидзода, доктори илмҳои таърих, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо Ифтихорномаи Агентиии хизмати давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

                                                                                                                  

                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон