User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002  санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.

Ҳамасола давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз чорабиниҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро арзёбӣ мекунанд, хизматчиёни давлатии мувофиқ қадрдонӣ карда мешаванд.

Хизмати давлатӣ ин фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ мебошанд, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ тавассути амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар гардидааст.

Ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири низоми идоракунии давлатӣ бо раванди таҳкими Истиқлоли давлатӣ пайвандии ногусастанӣ дорад.

Давоми солҳои Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидорҳои кадрӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ ба вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтанд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 сарчашмаи ташаккул ва таҳкими идоракунии давлатии муосир ва хизмати давлатии касбӣ дониста мешавад.

Моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон барои дохил шудан ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробарро кафолат медиҳад.

Меъёри мазкур ба талаботи моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мувофиқат мекунад, ки дар он муқаррароти «Ба ҳар як шаҳрванд дар кишвари худ бояд бе ҳеҷ гуна поймолкунӣ ва маҳдуднамоии беасос тибқи шарту шароити барои ҳама баробар ҳуқуқу имконияти иштирок кардан дар хизмати давлатӣ дода шавад» пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон принсипҳои асосии хизмати давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нахустин маротиба аз 13 ноябри соли 1998 ва дар таҳрири нав аз 5 марти соли 2007 қабул гардида, ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Дар асоси онҳо зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, аз ҷумла, оид ба мансабҳои давлатӣ, талаботҳои тахассусӣ, дастурамалҳои мансабӣ, музди меҳнат, одоби хизматчии давлатӣ, ташкил ва баргузории озмунҳо, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, аттестатсияи онҳо, кор бо захираи кадрҳо, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда ва амсоли инҳо қабул гардида, масъалаҳои тарбия, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ ва дар маҷмуъ идоракунии захираҳои инсонӣ пурра муқаррар гардиданд.

Марҳилаи нави рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо менамуд, ки хизмати давлатӣ ҳамчун ниҳоди кадрсозӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар байни давлат ва ҷомеа бояд аз ин бештар нақши васлкунанда дошта, барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ, баромадан аз њолатњои бўњронї ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.

Дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   25 январи соли 2001 Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, минбаъд 13 ноябри соли 2013 бо мақсади баланд бардоштани мақом ва нақши он  дар идоракунии хизмати давлатӣ ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Дар амалигардонии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, №1713, Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №289, Барномаи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, №448, Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №582 ва Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №252 тасдиқ карда шудаанд, такони нав бахшиданд.

Бо мақсади ташаккули низоми хизмати давлатӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, №591 Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тањрири сеюм), аз 10 марти соли 2016, №647 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (таҳрири чорум),  аз 19 июли соли 2019, №1287, Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тањрири дуюм), аз 22 июли соли 2019, №1328 Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тањрири дуюм) ва боз даҳҳо санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ қабул карда шуданд.

Ба ғайр аз ин ҷиҳати таҳким бахшидани иқтидори кадрии мақомоти давлатӣ тавассути истифодаи роҳу усулҳои интихобу ҷобаҷогузории дурусти ҳайат, муайян намудани самаранокии саҳми хизматчии давлатӣ дар татбиқи вазифаҳои мақоми давлатӣ аз тариқи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ, таъмини болоравии мансабии хизматчии давлатӣ силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар робита ба роҳандозии василаҳои кадрӣ таҳия, тасдиқ ва амалӣ карда шуданд.

Барои амалисозии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизмати давлатии кишвари мо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкории судманд роҳандозӣ карда шуд. Тӯли солҳои 2007-2016, ки ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ амалӣ гардид. Дар баробари мусоидат дар ташкили хизмати давлатии касбии Тоҷикистон ва расонидани кумакҳои техникӣ, омӯзиш ва табодули таҷрибаи давлатҳои дар самти хизмати давлатӣ пешрафта, аз ҷумла, бо ташкили сафарҳои хизматии мутахассисони соҳаи хизмати давлатии Тоҷикистон таҷриба гардид.

Имрӯз қонунгузории хизмати давлатии Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шабеҳ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто бартарӣ дорад. Самтҳои асосии фаъолияти хизмати давлатии Тоҷикистон ба меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ мувофиқат мекунанд.

Таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва афзоиши ҷолибияти он фароҳамсозии заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ, омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият мебошад.

Самаранокии фаъолияти касбӣ дар идоракунии давлатӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ пеш аз ҳама аз интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо вобаста ба малакаю лаёқати касбии онҳо вобаста мебошад.

Дар маҷмуъ пояҳои мустаҳками хизмати давлатии касбии Тоҷикистон бунёд гардиданд. Хулоса кардан мумкин аст, ки ниҳоди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлоли ташаккул ёфта, ҳоло ҳам дар марҳилаи пешрафт қарор дорад.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2022 дар мақомоти давлатӣ 18559 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти марказӣ 11939 нафар (занон 2874 нафар ё 24,0 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3560 нафар (занон 1006 нафар ё 28,2 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3060 нафар (занон 562 нафар ё 18,3 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4442 нафар ё 23,9 фоизро ташкил дода, аз 5787 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1086 нафар ё 18,7 фоиз занони роҳбар мебошанд.

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8952 нафар (48,2 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунанда  1506 нафар (26,0 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.

  Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ ҳамчун ниҳоди касбӣ корҳои мушаххасеро анҷом додааст, ки  қобили қадрдонист. Вале рушди ҷомеа, падидаҳои мураккаби ҷаҳони  муосир дар назди хизмати давлатӣ ва хизматчии давлатӣ вазифаҳои нав ва пурмасъулиятро гузоштааст, ки аз иҷрои онҳо рушди устувори ҷомеа, баландшавии сатҳ ва сифати зиндагии мардум вобаста аст.

Дар яке аз ҳидоятҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки савганди ёдкардаи Президенти мамлакат нафақат ба Роҳбари давлат, балки ба ҳар кадоми онҳо низ дахл дорад.

Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати худро дарк намудаанд ва таҳти сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва халқи Тоҷикистон барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон содиқона хизмат хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамсафони худро бо Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид таҳният гуфта, дар иҷрои ин кори масъулиятнок, вале ифтихорманд хизмат ба Ватан ба ҳамаи Шумо пирӯзиҳоро  орзу менамоям.

 

                                                                                                       Директори

                                                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                          Давлатов Ҷ.М.