User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 июни соли равон дар асоси Нақшаи ташкил ва баргузории машғулиятҳои идоравӣ дар толори Академияи идоракунии давлатӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ, инчунин кормандони Академияи идоракунии давлатӣ

вобаста ба «Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатӣ забони тоҷикӣ» бо ҷалби раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон, муовини раиси Кумитаи мазкур Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло машғулияти идоравӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ намуда,  қайд намуданд, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»  мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори ҷарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатӣ оид ба татбиқи Барномаи мазкур тасдиқ карда шудааст.

Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои банди 48 Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Агентии хизмати давлатӣ таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ карда шудааст.

Ба ғайр аз ин, бо мақсади таъмини дастрасии хизматчиёни давлатӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар китоби рўимизии хизматчиёни давлатӣ-«Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ», ки соли 2021 дар таҳрири нав бо теъдоди 6000 нусха нашр гардид, ҷой дода шуда, зиёда аз 5000 адади он  ба мақомоти давлатӣ ройгон дастрас карда шуд.

Агентии хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ зимни ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба такмили донишҳои ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таҳияи модулҳои таълимӣ ва пешбинӣ намудани омӯзиши мавзуъҳои «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва роҳҳои амалисозии он (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 ноябри соли 2020, №647)», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 июни соли 2021, №268)», «Забони коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ» ва ғайраҳо дар барномаҳои таълимии курсҳои дахлдори азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2030 ба Академияи мазкур дархост пешниҳод намуд.

Ба ҳолати 1 июни соли 2022 Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 15 курси таълимӣ, аз ҷумла-2 курси азнавтайёркунӣ, 13 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро дар Академияи мазкур ва шаҳрҳои Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара доир намуд, ки дар онҳо 797 (зан-235) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд.

Дар барномаҳои курсҳои мазкур омўзиши мавзуъҳои «Забони коргузорӣ ва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар коргузории мақомоти давлатӣ», «Риояи аломатҳои китобат дар ҳуҷҷатнигории мақомоти давлатӣ», «Тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои ворида ва содира дар мақомоти давлатӣ», «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ», «Фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ», «Тобишҳои услубию маъноии вожаҳо дар матни коргузории мақомоти давлатӣ» ва ғайраҳо пешбинӣ ва таълим дода шуданд.

Зимни машғулияти идоравӣ аз ҷониби  раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор- Муҳаммадҷонзода О. О. зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи сиёсати забон таваҷҷуҳи бевосита зоҳир гардида, дар ин самт як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аммо ҷомеа пеш меравад, дар ҳама соҳаҳо пешрафт  ба мушоҳида мерасад. Дар робита ба ин, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 бознигарӣ карда шуда, ба он беш аз 112 тағйиру иловаҳо ворид гардид. Баъдан меъёрҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ шарҳ дода шуданд.

Аз ҷониби муовини раиси Кумитаи мазкур Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, доктори илмҳои филологӣ, профессор вобаста ба Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ ба шунавандагон маълумот дода шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби масъулон роҷеъ ба масоили номгузорӣ, аз ҷумла риояи номгузории маҳалҳои аҳолинишин,  идораҳо, марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин, номгузории фарзандон   ибрози андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки ном ҳусни инсон буда,зарур аст, ки фарзандонро бо суннатҳо ва арзишҳои миллӣ номгузорӣ кунем. Аз гузоштани номҳои бегона худдорӣ намоем.

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. нақшаҳои Агентии хизмати давлатиро вобаста ба масоили рушди забони тоҷикӣ қайд намуда, таъкид доштанд, ки дар Рӯзи таҷлили ҷашни забон навиштани «Диктанти ягона» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Директори Агентӣ машғулиятро ҷамъбаст намуда, ба роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.

 

                                                                                                 Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон