User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 июни соли 2022 вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, ки айни замон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.

Қаблан, санаи  6 июни соли 2022 дипломати тоҷик ба китобхонаи Агентии хизмати давлатї беш аз 3 ҳазор китобҳои  гуногун  аз қабили  китобҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асарҳои эҷоднамудаи худ,  адабиётҳои илмӣ, сиёсӣ ва бадеӣ, аз ҷумла китобҳои «Эмомалӣ Раҳмонов: Оғози марҳалаи созандагӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов-поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов: Соли Рӯдакӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов-Президенти мо», «Эмомалӣ Раҳмонов: Соли тамаддуни ориёӣ»  ва ғайраро  тақдим намуд.

         Директори Агентии хизмати давлатӣ бо ҳамкорон зимни суҳбати дӯстона ба Консули генералӣ барои ин иқдоми некаш изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки китобҳои тақдимгардида як бахши муҳиму арзишманди хазинаи китобхонаи мақомотро ташкил дода, дастраси дӯстдорони китоб мебошанд.

         Зафар Сайидзода аз ҷониби роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ барои иштирок дар чорабиние, ки дар моҳи июни соли равон бахшида ба Рӯзи хизмати давлатӣ пешбинӣ шудааст, даъват карда шуд.

 

                                                                                                                 Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон