User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 10 июни соли равон кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 декабри соли 2021 баён гардиданд, дар асоси фармоиши Агентии хизмати давлатӣ

ин навбат ҷиҳати гирифтани маълумоти бештар роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ, вассофи сулҳу дӯстӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон - Мирзо Турсунзода  ба Осорхонаи  адабию ёдгории Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Осорхонаи мазкур бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 21 марти соли 1978 дар хонаи шоир бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Л.Шералӣ 79 таъсис дода шудааст. Осорхонаи мазкур соли 1981 дар рӯзҳои ҷашни 70-умин солгарди таваллуди Мирзо Турсунзода барои ҳаводорон дарҳои худро кушодааст.

         Кормандони Агентӣ зимни боздид аз Осорхона, ки аз даромадгоҳ, утоқҳои корӣ, туҳфаҳо, ҷои зист ва меҳмонхона иборат аст, дидан намуданд. Дар Осорхона мизи кории устод Мирзо Турсунзода, љҷевони китобҳо бо асарҳои шоири зиндаёд бо забонҳои  гуногуни дунё, ҷевони китобҳои ба шоири маҳбуб аз ҷониби адибони дигар халқу миллатҳо тақдимгардида,   туҳфаҳо, ордену медалҳо, телефони корӣ ва дигар ашёе, ки худи шоир дар зиндагиашон истифода намудаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

         Дар бинои дигар осори гаронбаҳои ҳунарҳои мардумии деҳаи Қаратоғ, расмҳои шоир, туҳфаҳои зиёде, ки зимни фаъолияти ҷаҳонгардии Мирзо Турсунзода тақдим гардидаанд, ҷо гирифтаанд. 

         Аз тарафи роҳбаладон дарахтони мевадиҳандае, ки бевосита аз ҷониби адиб парвариш ёфтаанд, нишон дода шуданд.

         Кормандони Агентии хизмати давлатӣ аз тамошои Осорхона рӯҳи тоза гирифта, вобаста ба фаъолияти эҷодии шоир маълумотҳои нав пайдо намуданд.

Қаблан кормандони Агентии хизмати давлатӣ аз тамошои дастаҷамъонаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон (23 феврал) ва Осорхонаи ададбӣ-ёдгории Садриддин Айнӣ (1 апрел) баҳравар гардида буданд.

         Боздид аз ёдгориҳои адабию таърихӣ ва фарҳангӣ барои баланд бардоштани сатҳи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум саҳми назаррас мегузорад.

         Дар минбаъда низ кормандони Агентии хизмати давлатӣ тибқи фармоиши тасдиқгардида аз дигар осорхонаҳои шаҳри Душанбе дидан хоҳанд кард.

 

                                                                                                        Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон