User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси ҳидоятҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 дар Агентии хизмати давлатӣ китобхонаи идоравӣ таъсис дода шуда,

дар он китобҳои соҳаи хизмати давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, адабиёти илмӣ ва бадеӣ ҷамъ оварда шудаанд.

Ҳамчунин ба фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ китобҳои туҳфанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- «Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон-Пайвандгари дӯстии Тоҷикистон ва Россия», «Роҳи абрешим: Тоҷикистон ва Чин», «Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Роғун», «Тоҷикистон-25 сол»  ва ғайраҳо ворид карда шуда, барои мутолиаи кормандон, шунавандогони курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзон дастрас мебошанд.

Минбаъд нависандаи халқии Тоҷикистон Абулҳамид Самад, вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон Рањимзода Рамазон Њамро, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиќзода Абдурањим Ғафор ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Ќурбон ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ китобҳои пурарзиши илмӣ,  бадеӣ ва асарҳои эҷоднамудаи худро тақдим намуданд.

Ба ғайр аз ин бо мақсади зиёд гардонидани фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» китобҳои «Авесто», «Мероси хаттии бостон» (ҷилдҳои 1 ва 2), «Шоҳнома»-и Саолибӣ», «Ҳудуд-ул-олам», «Зайн-ул-ахбор», «Таърихи Байҳақӣ», «Бохтар» (ҷилдҳои 1 ва 2), «Аҷоибнома», «Динкард», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Забони давлатӣ ва истиқлол», «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (ҷилдҳои 1 ва 2) харидорӣ гардиданд.

Дар соли равон аз ҷониби дипломат, рӯзноманигор, олим, ходими сиёсӣ ва давлатӣ-Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Сайидзода Зафар Шералӣ ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ  зиёда аз 3000 адад асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои эҷоднамудаи худ,  адабиётҳои илмӣ, сиёсӣ ва бадеӣ, аз ҷумла китобҳои «Эмомалӣ Раҳмонов: Оғози марҳалаи созандагӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов-поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов: Соли Рӯдакӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов-Президенти мо», «Эмомалӣ Раҳмонов: Соли тамаддуни ориёїӣ»  ва ғайраҳо  туҳфа гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки Сайидзода Зафар Шералӣ доктори илмњои таърих, муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 70 асар оид ба фалсафа,  таърих, забон, сиёсатӣ хориҷӣ ва ташаккули  имиҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бархе аз китобҳои мазкур низ ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ тақдим гардиданд.

Саидзода З.Ш. 18 декабри соли 1961 дар оилаи  хизматчии ҳарбӣ ба дунё омада, соли 1983 Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих ва ҷомеашинос хатм намудааст. Соли 1989 номзади илмҳои фалсафа ва соли 2016 доктори илмҳои таърих гардидааст.

Солҳои 1983-1986 ба ҳайси аспирант ва ассистенти кафедраи диншиносии илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1987-1990 корманди масъул, мудири бахш ва мудири шуъбаи идеологии Кумитаи марказии  комсомоли Тоҷикистон, солҳои 1990-1991 сармутахассиси Кумитаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ҷавонон, солҳои 1991-1992 корманди масъули дафтари матбуоти Президент ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-1995 сардори раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1995-2003 котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2008 директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», аз 5 феврали соли 2008 то 17 октябри соли 2019 мушовири калони Президенти Тоҷикистон ва бахши  Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои робитањои хориҷӣ кор намуда, аз 17 феврали соли 2020 то њол дар мансаби Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шањри Екатеринбурги Федератсияи Россия фаъолият дорад.

Дорандаи мукофотҳои давлатии медали «Хизмати шоиста», ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ,  Ифтихорномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ифтихорномаи Парлумони Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия ва  Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад.

Китобҳои тақдимгардида ба фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ ворид карда шуда, дастраси кормандони Агентии хизмати давлатӣ, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзон ва тамоми хизматчиёни давлатӣ мебошанд.

 

                                                                                                                               Агентии хизмати давлатии назди  

                                                                                                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон