User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 апрели соли равон дар шаҳри Турсунзода курси сайёри азнавтайёркунӣ

барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки солҳои 2020-2021 ба хизмати давлаӣ қабул гардидаанд, оғоз гардид.

Ба курси мазкур 50 нафар хизматчиёни давлатии ҷавон фаро гирифта шуда, тӯли як ҳафта шунавандагони курси мазкур дар рафти машғулиятҳо вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, идоракунии давлатӣ дар замони муосир, татбиқи технологияи кадрӣ дар хизмати давлатӣ, тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳияи ҳисобот ва гузориш дар мақомоти давлатӣ, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, усулҳои муқовимат ба коррупсия, терроризм ва экстремизм ва дигар масъалаҳои мубрам маълумот хоҳанд гирифт.

Қобили тазаккур аст, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ бо мақсади тарбияи кадрҳои ҷавон мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар асоси Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ ҳамасола барои хизматчиёни ҷавон курсҳои азнавтайёркунӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

                                                                                                           Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон