User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда,

ҳамасола донишҷӯёну магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар Агентии хизмати давлатӣ ба таҷрибаомўзии илмию истеҳсолӣ фаро мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки таҷрибаомўзии мазкур дар асоси фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ ба роҳ монда шуда, аз рўйи барномаи мушаххаси омӯзишӣ-шиносоӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда мешавад.

 Имрӯз дар Агентӣ таҷрибаомӯзони навбатиро, ки муҳассилини риштаи идоракунии давлатӣ ва мунитсипалии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов мебошанд, Дилноза Аҳмадзода –муовини директори Агентии хизмати давлатӣ ба ҳузур пазируфта, вобаста ба масъалаи таҷрибаомӯзӣ, барномаи таҷрибаомӯзон дар сохторҳои Агентӣ ва дигар талаботҳои хизмати давлатӣ шинос намуд.

Роҳбарии таҷрибаомўзии ҷавонон аз ҷониби сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатӣ Латипов Фирдавс Асрорович ба роҳ монда шуда, таваҷҷуҳи Агентӣ ва амалигардонии иқдоми мазкур бо мақсади ҷалби зиёди ҷавонон ба хизмати давлатӣ равона карда шудааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳамасола таҷрибаомўзии магистрантони муассисаҳои олии хориҷи кишвар, ки дар риштаи идоракунии давлатӣ дар хориҷи давлат таҳсил менамоянд, дар Агентӣ ба роҳ монда мешавад.

 

                                                                                            Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                            Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон