- Сардори Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумита - 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти милли, забони давлатӣ ва як забонӣ хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сардори Шуъбаро ба танзим медароранд;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер;
- сардори Шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:
- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.
Маоши мансабӣ - 2115,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
- Мудири Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ ё гуманитарӣ ва дигар ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд;
-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
-дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад;
- бо компютер кор карда тавонад.
Маоши мансабӣ - 1735,85 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Сармутахассиси Раёсати рушди сайёҳии Кумита - 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии сайёҳӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, омӯзгорӣ, соҳаи идоракунии давлатӣ, гуманитарӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медароранд;
-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумита - 1ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Шуъбаро ба танзим медароранд;
-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши мансабӣ - 1735,85 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-аризаи шахсӣ ба номи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ (эъломияи андоз);
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома оиди доғи судӣ (ИТС);
-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3,
индекс: 734025,
Телефон барои тамос : (372) 27-85-79
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.