User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мутахассиси дар бахши омори ноҳияи Фирдавсӣ – 1 ҷой,

           Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии (иқтисодӣ, оморӣ ва риёзӣ);

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ (аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ”  ва Низомномаи Агентӣ);

- донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Маоши мансаби 1170 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи андозаи 3х4, 4 дона);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №38УЕ);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

 - тавсифнома аз ҷои кори пешина

- маълумотнома оид ба надоштани доuи суди;

 

Суроға: ш.Душанбе, кўчаи Айни-127, индекс:734029, тел.225-44-66.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши  ҳуқуқ ва кадрҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.